Боздошти як гурӯҳ аз қочоқчиёни маводи мухаддир дар Душанбе
(last modified Wed, 11 Apr 2018 03:51:11 GMT )
Апрел 11, 2018 08:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як гурӯҳ аз қочоқчиёни маводи мухаддир дар Душанбе

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тайи амалиёте як гурӯҳи 12 нафарӣ аз қочоқчиёни маводи мухаддирро боздошт ва аз онон 14 кило ҳашиш кашфу мусодира карданд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ин гурӯҳ 12 кило ҳашишро бо ҳамкории дигар қочоқчиёни маводи мухаддир аз шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон барои фурӯш ба Душанбе мунтақил карда буданд, ки аз сӯйи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар миёни афроди боздоштшуда ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир 5 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе ба номҳои Тоҷиддин Хабирови 33 сола, Диловар Шерови 29 сола, Носирҷон Раҷабови 33 сола, Фирдавс Зеваршоеви 39 сола ва Ҳалим Аҳмадбекови 53 сола вуҷуд доранд.

Акнун алайҳи ин 12 нафар ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.

Вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба далели доштани марзи тӯлонии муштарак бо Афғонистон яке аз масирҳои аслии интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳисоб меояд.

Аксари манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дар ин вилоят кӯҳистонӣ аст, ки кори мубориза бо гурӯҳҳои қочоқчиёни маводи мухаддирро сахт мекунад.