Апрел 12, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
  • Таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои алҷазоирӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд.

Ба иттилои сайти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома гуфтааст, ки хабари суқути ҳавопаймои низомии нақлиётӣ дар шимоли Алҷазоир, ки боиси талафоти зиёде ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст: “Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба шумо, бародари гиромӣ, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву таслияти хешро изҳор намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон сабри ҷамил хоҳонам”.