Апрел 12, 2018 13:42 Asia/Dushanbe
  • Изҳори омодагии ширкати озарӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Як ширкати озарӣ барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст.

Ба нақл аз Авесто, раиси ширкати baku steel company гуфт: Ин ширкат омодааст, дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Росим Муҳаммадов ин мавзеи ширкатро дар дидори Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон иброз дошт.

Дар ин дидор, Рустам Солӣ стратегияи тавсеаи Тоҷикистон то 2030 ва вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро барои Росим Муҳаммадов муаррифӣ кард.