Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тошканд сафар мекунад
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар қолаби як сафари давлатӣ озими Тошканд пойтахти Узбакистон мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Тошканд пойтахти Узбакистон сафар мекунад.
Таърихи дақиқи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҳанӯз мушаххас нашуда, аммо Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон дар нахустин сафари худ ба Тоҷикистон дар 9 марти соли ҷорӣ омодагии худ барои пазироии ин сафарро эълом кард.
Дар он мавқеъ дар Тоҷикистон ба муносибати нахустин сафари Мирзиёев ба Душанбе консерти бузурге бо ширкати устодони ҳунари ду кишвар таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор шуд.
Дар ин консерт беш аз 350 ҳунармандони тоҷик ва узбак ширкат карданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни боздиди Мирзиёев аз Душанбе асноди муҳиме миёни ду кишвар ба имзо расиданд, ки таъйин ва аломатгузории марзҳо ва лағви режими раводид миёни ду кишвар, аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ба шумор меравад.