Апрел 15, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Бонки рушд ва бозсозии Аврупо ба неругоҳи Қайроқуми Тоҷикистон

Бонки рушд ва бозсозии Аврупо барои тармим ва бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон, 88 миллион евро кумаки молӣ ихтисос дод.

Ба гузориши сомонаи дафтари намояндагии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо, ин кумаки молӣ заминаи афзоиши тавлиди барқ дар ин неругоҳро аз 126 мегаватти кунунӣ ба 174 мегаватт фароҳам хоҳад кард.

Неругоҳи барқи обии Қайроқум 60 сол қабл бар рӯйи рӯдхонаи Сир сохта шуда ва оби мавриди ниёзи бахшҳои кишоварзии Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистонро таъмин мекунад.

Зарфияти кунунии тавлиди барқи ин неругоҳ дар ҳоли ҳозир 126 мегаватт аст, ки барои таъмини ниёзи 500 ҳазор хонавода кифоят мекунад, вале бо поёни марҳалаи бозсозии он, теъдоди бештаре аз мардуми вилояти Суғд метавонанд аз барқи ин неругоҳ истифода кунанд.

Ҳамчунин кишвари Қазоқистон чанде қабл омодагии худро барои кумаки молӣ ба манзури таъмини фаъолияти матлуби садди неругоҳи барқи обии Қайроқум эълом кард, ки бахше аз оби он барои таъмини ниёзи кишоварзони қазоқистонӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Бонки рушд ва бозсозии Аврупо таъкид кардааст, то кунун барои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 600 миллион евро ихтисос додааст, ки шомили бозсозии неругоҳҳои барқи обӣ ва ҳимоят аз бахши хусусии ин кишвар аст.