Апрел 15, 2018 10:25 Asia/Dushanbe
  • Марказҳои гардишгарии Тоҷикистон аз пардохти молиёт озод шуданд

Ҳукумати Тоҷикистон феҳристи марказҳои гардишгарӣ ва воридкунандагони масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти мавриди ниёзи ин марказҳоро, ки аз пардохти молиёт озод мешаванд, мунташир кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин феҳрист шомили меҳмонхонаҳо, меҳмонпазирҳо, марказҳои обдармонӣ, муҷтамаъҳои хадамоти гардишгарии канорироҳӣ, биноҳо ва ёдгорҳои таърихӣ, шикоргоҳҳо, боғҳо ва бӯстонҳо мешаванд.

Ҳамчунин дарёфти молиёт бар арзиши афзуда аз ресторанҳо, марказҳои тафриҳии вежаи гардишгарӣ, коргоҳҳои тавлиди саноати дастӣ, бошгоҳҳои кӯҳнавардӣ низ мамнӯъ шудааст.

Ин тасмим дар ростои эъломи соли 2018 ба унвони соли рушди бахши гардишгарӣ, саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Барои ҷазби бештар гардишгарони хориҷӣ, давлати Тоҷикистон ба тамоми вазоратхонаҳо ва идораҳо дастур додааст, тамоми имконот ва зарфиятҳои худро барои рушди бахши гардишгарӣ, саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 дар ин кишвар ба кор гиранд.

Дарёфти интернетии раводиди сафар ба Тоҷикистон ва афзоиши замони ҳузури гардишгарон ва шаҳрвандони хориҷӣ аз се рӯз ба 10 рӯз дар хоки Тоҷикистон бидуни сабти ном аз дигар барномаҳои соли 2018 аст.