Ҳамоиши илмии "Садриддин Айнӣ - маорифпарвар" дар Душанбе
(last modified Sun, 15 Apr 2018 06:28:55 GMT )
Апрел 15, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши илмии

Ҳамоиши илмии "Садриддин Айнӣ - маорифпарвар" рӯзи шанбе дар бинои Вазорати омӯзиш ва парвариши шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ин ҳамоиш ба муносибати 140-солагии бнёнгузори адабиёти муосири тоҷик ва аввалин раиси Академияи улум, бо ҳузури намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академия улуми Тоҷикистон ва устодони донишгоҳҳо баргузор шуд.

Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, устод Садриддин Айнӣ, фарзанди хирадманд, фидокор ва қаҳрамони Тоҷикистон, бо талош ва муборизаҳои худ дар он шароит, даврони ҷадиде аз таърихи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Раҳматуло Мирбобоев афзуд, дар замони муҳим ва сарнавиштсози қарни 20 барои тоҷикон, устод Садриддин Айнӣ бо осори гаронбаҳояш собит кард, ватан аслии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ воқеъ шудааст.

Дар ин ҳамоиш, мавзӯоте ҳамчун инъикоси масоили сиёсии байналмилалӣ дар осори устод Садриддин Айнӣ, арзиши омӯзишӣ ва тарбиятии осори вай дар китобҳои мактабҳои ибтидоӣ, бозтоби ҳунарҳои мардумӣ дар осори устод Айнӣ, инъикоси масоили динӣ ва маорифӣ дар ёддоштҳои вай ва талошҳои ин нависандаи шаҳир дар ҳавзаи маориф баррасӣ шуд.

Ҳамчунин бо ҳадафи арҷ ниҳодан ба устод Садриддин Айнӣ ва ба муносибати солрӯзи 140-солагии ин қаҳрамони милли Тоҷикистон, музеи ин нависандаи мардумӣ барои дӯстдоронаш, пас аз тармим ва бозсозӣ, дар шаҳри Душанбе бозгушоӣ шуд.

Дар маросими бозгшоии ин музей, Абдуҷҷаббор Раҳмонзода дастёри раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе, мудирон ва андешамандони Академия улум, адибон, шоирон, устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ҳамчунин набераҳои устод Айнӣ ва меҳмононе аз Самарқанду Бухоро ва Русия низ дар ин маросим ширкат доштанд.