Душанбе мизбони вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Шаҳри Душанбе мизбони бистусевумин иҷлоси Шӯрои вазирони хориҷаи Созмон ҳамкории иқтисодӣ хоҳад буд, ки рӯз сешанбе 17 апрел дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ба гузориши сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин иҷлос вазирон хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва муовинонашон ҳузур доранд.
Мавзӯоте монанди татбиқи созишномаҳо миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, равобит бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, иҷрои барномаҳо ва тарҳҳо, фаъолияти муассисот ва ниҳодҳои ин созмон, пешрафт ва арзёбии аҳдофу вазоиф ва барномаи ҷадиди созмон барои кумак ба Афғонистон дар дастури кори иҷлос қарор дорад.
Қабл аз баргузории иҷлоси Шӯрои вазирон, мақомоти аршади кишварҳои узв рӯзи душанбе 16 апрел бо якдигар дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.
Ҳамчунин қарор аст, дар ростои эъломи соли 2018 ба номи "Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз сӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯзҳои 16 ва 17 апрел дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои Созмон ҳамкории иқтисодӣ барпо шавад.