Апрел 16, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Эъломи озмун барои сохти муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ

Шаҳрдори Душанбе барои бунёди тандиси Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ озмун эълом кард.

Ба гузориши “Спутник”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои интихоби беҳтарин тарҳи муҷассамаи Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ду намояндаи барҷастаи илму адаби тоҷик ва узбак аз 16 апрел то 15  июн озмун эълом кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки дар ин озмун ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам ҳунармандони хориҷӣ метавонанд, ширкат кунанд.

Дар ин чорчуб тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Иттифоқи расомони Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки беҳтарин меъморон, расомон ва пайкартарошони ватанӣ ва хориҷиро барои сохтани ин муҷассама ҷалб кунанд.

Муҷассамаи Нуриддин Абдурраҳмон Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи ба номи “Низомиддин Алишер Навоӣ” ҳамчун рамзи дӯстии мардумони ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистон гузошта хоҳад шуд.

Пештар бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур Тоҷикистон боғи “50- солагии ҷавонон” дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба Алишер Навоӣ номгузори шуда буд.

Чанде пеш мақомоти Узбакистон дар шаҳри Самарқанд низ ба нишони пойдории дӯстии тоҷикон ва ӯзбакҳо муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоиро бори дигар насб карданд.