Поксозии минаҳо - қадами баъдӣ дар роҳи беҳбуди равобити Тошканду Душанбе
Бо беҳбуди чашмгири равобити Узбакистону Тоҷикистон поксозии қаламрави минагузоришуда дар марзи давлатҳо нимаи моҳи май оғоз мешавад.
Як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба хабагузории “Азия плюс” гуфтааст, ки имрӯз, сешанбе, дар робита бо масъалаи хунсосозии минаҳое, ки дар марзи муштараки ду кишвар вуҷуд доранд, дар минтақаи марзӣ гурӯҳи кории муштарак таъсис шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, эҳтимол меравад, поксозии қаламрави минагузоришуда дар марзи давлатҳо нимаи моҳи май оғоз шавад. Ин манбаъ аз додани иттилоот дар робита бо замони дақиқи хунсосозӣ ва ин ки аз кадом манотиқ ин кор оғоз мегардад, худдорӣ намуд ва таъкид кард, ки ин иттилоот маҳрамона аст.
Пештар Муҳаббат Иброҳимзода, мудири Маркази миллии масоили минаи Тоҷикистон гуфта буд, дар 20 соли ахир дар асари инфиҷори минаҳо 374 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ кушта шуда ва 485 нафар ҷароҳат бардоштааст. Дар амалиёти хунсосозии минаҳо низ 20 мутахассиси ин бахш захмӣ ва ду нафари онҳо ҷон бохтаанд.
Бинобар гузоришҳо, то кунун дар қаламрави Тоҷикистон 16.3 километри мураббаъ аз мина поксозӣ ва ҳудуди 56 ҳазор мина ва 41 кило маводи мунфаҷира хунсо шудааст.
Дар сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва гуфтугӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки то поёни соли 2019 ҳама минаҳо дар марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон поксозӣ шаванд.