Апрел 18, 2018 08:59 Asia/Dushanbe
  • Ифшо шудани асардуздии 8 донишманди дигари тоҷик

Дар идомаи ифшогариҳои марбут ба дуздии илмӣ ин бор номи 8 донишманди дигари тоҷик аз сӯйи пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба номи “Диссернет” мунташир шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин пойгоҳи илмӣ ба интишори исмҳои 8 донишманди дигар аз Тоҷикистон иқдом кардааст, ки ба дуздии матолиби дигарон барои навиштани рисолаи номзадии худ муттаҳам шудаанд.

Дар миёни ин афрод номи раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар солҳои 2012 то 2013 ва 7 нафар аз устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки ҳангоми навиштани рисолаи номзадии худ аз осори донишмандони рус ва тоҷик бидуни истинод ба китобҳои онон истифода кардаанд.

Ба унвони мисол, дар ин замина ба рисолаи номзадии Парвизҷон Орзуев, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ишора шудааст, ки аз китоби ду донишманд аз ҷумҳуриҳои Доғистон ва Кабардино-Болкарияи Русия истифода карда ва танҳо номи “корхонаи консерви шаҳри Налчик”-ро ба “корхонаи шири шаҳри Душанбе” тағйир додааст.

Пеш аз ин низ ду донишманди тоҷик,  аз сӯйи пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмии мавсум ба “Диссернет” ба тақаллуб дар навиштани рисолаи номзадии худ муттаҳам шуда буданд, ки бархе аз онон аз ин унвон маҳрум шудаанд.