Интишори номи ронандагони ҷаримагурез дар Тоҷикистон
Апрел 18, 2018 08:12 Asia/Dushanbe
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон исми ронандагонеро, ки бо вуҷуди нақзи мукаррари қонунҳо, маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, мунташир кард.
Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин феҳристро яке аз марокизи назорати роҳ ва нақлиёти ин кишвар ироа кардааст.
Бар асоси ин гузориш, яке аз ин ронандаҳо, ки сокини шаҳри Душанбе аст, 179 мартаба қонунҳои роҳро нақз карда ва то ҳол ҷаримаи онҳоро пардохт накардааст ва ронандаи дигаре аз шаҳри Кӯлоб 106 бор қонуншиканӣ доштааст.
Дар миёни феҳристи ин ронандагони ҷаримагурез номи ду ронандаи зан ҳам омада, ки яке аз онҳо 31 ва дигаре 26 мартаба қонуншиканӣ кардаанд.