Апрел 18, 2018 14:18 Asia/Dushanbe
  • Душанбе - мақсади гардишгарони рус

Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз ҷумлаи шаҳрҳои мақсади гардишгарони рус дар таътилоти баҳори соли 2018 аст.

Ба гузориши хабаргузории “ТурСтат”, дар охирҳои апрел ва аввалҳои моҳи майи имсол, ки дар Русия чанд рӯз таътил аст, Душанбе яке аз шаҳрҳое аст, ки гардишгарони рус барои сипарӣ кардани таътилоти худ ба онҷо сафар мекунанд. Қабл аз ин ҳам расонаҳои Русия аз афзоиши тамоюли шаҳрвандони ин кишвар барои сафари туристӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар “Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом шудааст.

Дар ростои иҷрои барномаҳои ин сол, қарор аст то соли 2020 беш аз як миллион гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кунанд.