Гузориши ФАО аз камбуди ғизои шаҳрвандони Тоҷикистон
(last modified Thu, 19 Apr 2018 06:05:52 GMT )
Апрел 19, 2018 11:05 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ФАО аз камбуди ғизои шаҳрвандони Тоҷикистон

Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи нисбатан баландтари камбуди ғизо барои аҳолиро ба қайд гирифтааст. Он ба Тоҷикистон рост меояд, ки ҳар сеюм нафар аҳолии кишвар ба он дучор аст.

Ба иттилои Азия-Плюс, дар гузориши ФАО «Вазъ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» гуфта мешавад, давоми солҳои 2014-2016 дар Тоҷикистон 30,1 фоиз ё худ 2,6 миллион нафар ба камбуди ғизо дучор буданд.

Камшавии ин нишондиҳанда ба миқдори 40,2 фоиз аз солҳои 2005-2007 қайд мешавад, яъне сатҳи нимгуруснагӣ ҳамасола қариб 1 фоиз кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар нишон дода шудааст, ки соли 2015 ҳамагӣ 933 долларро ташкил додааст.

Таҳлилгарони Ташкилот таъкид месозанд, ки сатҳи густариши камуди ғизо барои аҳолӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ начандон баланд буда, аз соли 1990 то соли 2016 минтақа ҳам дар коҳиши ҳиссаи фоиз ва ҳам шумор ба комёбиҳои назаррас ноил шуд.