Пардохтҳои миллионии ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32906-Пардохтҳои_миллионии_ширкатҳои_телефони_ҳамроҳ_дар_Тоҷикистон
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳар семоҳа барои ҳар як симкорти ғайрифаъол дар ҳаҷми 20 дирам маблағ пардохт мекунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 19, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Пардохтҳои миллионии ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳар семоҳа барои ҳар як симкорти ғайрифаъол дар ҳаҷми 20 дирам маблағ пардохт мекунанд.

Ба иттилои «Азия-Плюс», аз як ширкати мобилӣ хабар доданд, ин пардохтпулӣ аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷорӣ шудааст.

Гап сари он аст, ки рақамҳоро ширкатҳо аз Хадамоти алоқа мехаранд. Агар муштарӣ истифодаи онро боздошта бошад, рақамро дубора мефурӯшанд ё он дар тавозуни ширкат ғайрифаъол боқӣ мемонад. Барои ғайрифаъол боқӣ мондани рақам мо ба Хадамоти алоқа ҳар се моҳ ба ҳар як симорти ғайрифаъол 20 дирам маблағ пардохт мекунем», - қайд кард як манбаъ дар ширкати мобилӣ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2016 дар Тоҷикистон беш аз 11,2 миллион муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Баъди бақайдгирии дубора тобистони соли 2017 шумори симкортҳои фаъол 6,1 миллион ададро ташкил дод.

Яъне ширкатҳои мобилӣ ҳар семоҳа барои 5,1 миллион адад симкортҳои ғайрифаъол ба ҳар кадоме бояд 20 дирам маблағ пардохт кунанд, ки дар се моҳ ба 1,020 миллион сомонӣ ва дар як сол - ба 4,080 миллион сомонӣ баробар мешавад.

Хадамоти алоқа ин тасмими худро ба хизматрасонии симкортҳои ғайрифаъол нисбат дода, лекин зери мафҳуми «хизматрасонӣ» чӣ дар назар аст, шарҳ надодаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 Хадамоти алоқа барои истифодаи рақами алоқаи мобилӣ дар як моҳ дар ҳаҷми 80 дирам пардохти маблағ ҷорӣ намуд, ки ҳар моҳ аз муштариён гирифта мешавад.