Боздошти мақоми аршади Вазорати дохилаи Тоҷикистон
Полковник Баҳодур Ваҳҳобзода раиси бахши Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб ба иттиҳоми дарёфти пора аз як қочоқчии зиндонии маводи мухаддир боздошт шудааст.
Ба гузориши бахши русии сомонаи Ахбор, ин мақоми аршади милисаи Тоҷикистон дар пайи огоҳ шудан аз боздошти фарде ба номи Бозор ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон ба ҳамроҳи ду зердасти худ озими ин минтақа мешавад ва ба Бозор пардохти 100 ҳазор доллар барои баста шудани парвандааш ва озодии ӯ аз боздоштро пешниҳод медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, Бозор ба Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон шикоят мекунад ва дар ниҳоят кормандони ин ниҳод Ваҳҳобзода ва зердастонашро, ки яке аз онҳо бародари додситони ноҳияи Ваҳдат дар маркази Тоҷикистон аст, ҳангоми дарёфти 9 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт мекунанд.
Дар пайи ин рӯйдод полковник Баҳодур Ваҳҳобзода ба кормандони Ожонси мубориза бо фасоди молӣ пешниҳод мекунад то вай ва зердастонашро дар баробари дарёфти ришва ба маблағи 100 ҳазор доллар озод кунанд.
Дар як соли гузашта даҳҳо нафар аз мақомоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ ва сӯиистифода аз мансаб, боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.