Ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар остонаи варшикастагӣ
Як пойгоҳи хабарии тоҷикистонӣ навишт, ширкатҳои муҳими мухобиротии ин кишвар ба хотири тасмими ахири раиси Хадамоти давлатии мухобирот дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд.
Ба гузориши бахши русии сомонаи Озодагон, тасмими Бек Зуҳуров сабаби ба бор омадани қарзҳои калон барои ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон шуда ва онҳоро ба ҳолати варшикастагӣ наздик кардааст.
Дар ҳамин замина Кумитаи молиёти Тоҷикистон низ имрӯз аз зарари чандин миллионии ширкатҳои мухобиротии ин кишвар ва дар пайи он коҳиши пардохтиҳои онҳо ба хазонаи марказии Тоҷикистон хабар дод.
Мизони кулли зарарҳои воридшуда ба хазонаи марказии Тоҷикистон аз ҳисоби зарару зиёни ширкатҳои мухобиротӣ 115 миллион сомонӣ, муодили 13 миллион доллар баровард шудааст.
Гуфта мешавад, беш аз ҳама ширкатҳои Tcell ва Билайн зиён дидаанд.
Бархе дигар аз ширкатҳои мухобиротӣ аз қабили TK Mobile, ки вобаста ба як ширкати чинӣ аст, эълом кардаанд, ки дар остонаи варшикастагӣ қарор доранд ва дар садади тарки бозори Тоҷикистон ҳастанд.