Апрел 21, 2018 09:05 Asia/Dushanbe
  • Шувалов: Тоҷикистон бояд узви нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Евразия шавад

Муовини аввали нахуствазири Русия пешниҳод кард, барои густариши муносиботи тиҷории ин кишвар бо Тоҷикистон, Душанбе боисте ба узвияти нозири Иттиҳоди иқтисодии Евразия дарояд.  

Ба нақл аз Спутник, Игор Шувалов дар поёни Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав гуфт, мақомоти Душанбе бояд ба таври ҷиддӣ дар фикри узвияти нозири кишварашон дар Душанбе иқтисодии Евразия бошанд.

Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон заминаи тавлиди маҳсулоти кишоварзии бокайфият дар авоили баҳор вуҷуд дорад, ки Маскав метавонад роҳи вуруди ин маҳсулот ба қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Евразияро боз кунад. Ҳатто дар сурати узвияти нозири Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Евразия, заминаи вуруди озодонаи нерӯи кор, сармоя ва маҳсулоти кишвар ба Русия ва соири аъзо фароҳам хоҳад шуд, ки ба нафъи Тоҷикистон аст.