Апрел 21, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби кумаки молӣ барои поксозии сарбанди нерӯгоҳи Норак

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи созишномаи дарёфти панҷ миллион кумак қарзи молиро барои ҷилавгирӣ аз вуруди гилу лой ба сарбанди нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак тасвиб кард.  

Ба нақл аз сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин маблағро анҷумани байналмилалии рушди энержӣ ихтисос додааст.  

Лойрубии сарбанди 300 метрии нерӯгоҳи Норак, ниёз ба манобеи молии калон ва таҷҳизоти пешрафта дошт, ки дар шароити феълии Тоҷикистон ин амр имконпазир набуд.  

Коршиносон мизони гилу лойи ҷамъшуда дар сарбанди нерӯгоҳи Норакро 40 дарсад эълом кардаанд.  

Бо сохти сарбанди 335 метрии нерӯгоҳи Роғун, аз вуруди гилу лой ба сарбанди 300 метрии нерӯгоҳи Норак ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Вуруди оби тасфияшуда ба нерӯгоҳи Норак боис мешавад, нерӯгоҳҳои поиндастӣ монанди Сангтуда 1 ва 2 ва Сарбанд низ аз вуруди гилу лой дар амон бимонанд.