Ҳушдори раиси полиси шаҳри Душанбе ба имомхатибони Тоҷикистон
(last modified Sat, 21 Apr 2018 06:42:55 GMT )
Апрел 21, 2018 11:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раиси полиси шаҳри Душанбе ба имомхатибони Тоҷикистон

Генерал Шариф Назарзода, сардори РВКД Душанбе дар як мулоқот бо фаъолони пойтахт бо намоиши аксҳои 20 имомхатиби барои тундгароӣ дар вилояти Суғд зиндоншуда имомхатибони масҷидҳоро ҳушдор додааст, ки мувозиби намозгузорони масҷидҳои худ бошанд.

Ба иттилои Ахбор, генерал Назарзода гуфтааст, имомхатибон бояд бахусус мувозиби онҳое бошанд, ки бар хилофи мазҳаби Ҳанафӣ ибодат мекунанд.

Як мавзӯи аслии матрӯҳа дар ин мулоқот дар баробари тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳамкори ҷомеа бо мақомот дар мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамчунин ҳамкории ҷомеа, бахусус масъулони масҷидҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муборизаи муассиртар бо ифротгароӣ будааст. Генерал Назарзода аз имомхатибон гила кардааст, ки дар ин масъала ҳусни ҳамкории кофӣ нишон намедиҳанд.

Шариф Назарзода дар ҷараёни суханрониаш акси имомхатибони масҷидҳои вилояти Суғдро намоиш дод, ки дар тӯли солҳои 2016-2017 дар даврони раҳбарии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғдро ба ӯҳда доштани ӯ бо ҷурми тундгароӣ ва пайравӣ ба равияҳои ба мазҳаби дар Тоҷикистон роиҷи Ҳанафӣ мухолиф зиндонӣ шудаанд.

Дар солҳои охир даҳҳо имомхатиб низ бо ҷурми таблиғи равияҳои ифротӣ дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ин маъракаи густардаи мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон афроди зиёде ҳам ё бо мақсади нишон додани натиҷаи баланд ваё бо ҳадафи тарс додани мардум бо парвандаҳои сохта ва иттиҳомоти бофта бо ҷурми пайравӣ ба ин ё он гурӯҳи мазҳабӣ ба зиндон андохта шудаанд.