Апрел 22, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкориҳои омӯзишӣ миёни Тоҷикистон ва Руминия

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо вазири омӯзишу парвариши Руминия дар шаҳри Бухарест, ҳамкории байни Тоҷикистон ва Руминияро дар бахшҳои омӯзишу парвариш ва фановариҳои ҷадид баррасӣ карданд.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Музаффар Ҳусайнзода дар дидор бо Валентин Попа барои барқарории робитаи миёни муассисаҳои пажӯҳишӣ ва таҳқиқотии ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин тарафҳо бар густариши ҳамкориҳо дар заминаи барномаҳои омӯзишии Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла барномаи Erasmus таъкид карданд.

Таъсиси як ниҳоди расмӣ барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни вазоратҳои омӯзишу парвариш ва муассисаҳои омӯзишии ду кишвар ва мубодилаи устод ва донишҷӯ аз дигар мавридҳое буд, ки ду тараф зарурати онро хотирнишон карданд.

Пештар ҳам эълом шуда буд, маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсили шаҳрвандони ду кишвар, созишнома имзо кардаанд.