Апрел 22, 2018 12:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳом убури ғайриқонунӣ аз марзи муштараки Руминия ва Венгрия, боздошт шуд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, марзбонони Руминия шаби 21 апрел дар марзи муштараки Руминия ва Венгрия, бо мутаваққиф кардани як худрав, ки ба самти Венгрия мерафт, ронандаи 24-солаи молдовӣ ва се сарнишини он як молдовӣ, як тоҷик ва як афғонро боздошт карданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар Руминия паноҳҷӯ буда ва қасд доштанд ба таври ғайриқонунӣ ба кишварҳои аврупоӣ муҳоҷират кунанд, эътироф карданд, бо роҳнамоии ронандаи молдовӣ қасди убур аз марзи Венгрия ва расидан ба яке аз кишварҳои узви Шенгенро доштаанд.

Мақомоти Руминия барои ронанда ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон парванда ташкил дода ва се паноҳҷӯи тоҷик, афғон ва молдовиро муттаҳам ба убури ғайриқонунӣ аз марзи Руминия бо Венгрия кардаанд.

Бар асоси омор, аз соли 2015 то кунун, шаш то ҳашт ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои мухталифи аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Созмони Freedom House ҳафтаи гузашта дар гузориши солонааш эълом кард, танҳо дар соли 2017 дасти кам 3320 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дархости паноҳандагӣ кардаанд.