Апрел 23, 2018 10:02 Asia/Dushanbe
  • Сохти ибодатгоҳи насрониҳо дар шаҳри Панҷакент

95 сол пас аз тахриби клисои масеҳиёни провослав дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, маросими сохти ибодатгоҳи ҷадид дар канори танҳо гӯристони масеҳиёни ин шаҳр баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ибодатгоҳи қаблии масеҳиёни провослав дар шаҳри Панҷакентро ҳукумати вақти Шӯравӣ, ки афкори бехудоиро таблиғ мекард, дар соли 1923 милодӣ вайрон кард.

Ин ибодатгоҳ ба дархости наздик ба 200 рус дар водии Зарафшон ва дар канори танҳо гӯристони масеҳиёни ин шаҳр сохта мешавад.

Дар расми гузоштани санги асоси ибодатгош, роҳбари калисои Осиёимиёнагии провославиҳо митрополити Ӯзбекистону Тошкент Викентий, епископ дар Тоҷикистон – Питирим ва ҳамчунин иеромонахҳо Валерий ва Андрей ва дигар намояндагони провославиҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат намуданд.

То замони фурӯпоши Шӯравӣ дар соли 1991, дар шаҳри Панҷакент чандин ҳазор рус ва русзабон зиндагӣ мекарданд, ки дар он сол ба Русия рафтанд.