Апрел 24, 2018 08:55 Asia/Dushanbe
  • Имзои созишномаи ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни Суғду Самарқанд

Дар пайи нишасти ҳайатҳои бозаргонии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Самарқанд миёни вилоятҳои Суғду Самарқанд созишномаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ба маблағи 104 миллион доллар имзо шуд.

Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА”, ҳадаф аз баргузории ин нишаст, ки дар он ҳайатҳои расмии вилоятҳои Суғду Самарқанд ҳузур доштанд, густариши муносиботи тиҷорӣ миёни ин минтақаҳои Тоҷикистону Узбакистон эълом шудааст.

Ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон ба раёсати Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор бо ҳамтоёни самарқандии худ мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ҳамчунин Туробҷон Ҷаврҳов, раиси вилояти Самарқанд меҳмонони тоҷикро бо фаъолияти муҷтамаи гулхонаии тавлиди помидор дар ноҳияи Пастдарғом ошно кард, ки маҳсулоти ин марказ асосан ба хориҷ аз Узбакистон содир мешавад. Тарафи Тоҷикистон тамоил нишон додааст, ки бо кумаки мутахассисони вилояти Самарқанд дар вилояти Суғд иқдом ба таъсиси чунин гулхонаҳо кунад.

Ҳайати вилояти Суғд дар боздид аз корхонаи мошинсозии Самарқанд бо раванди тавлиди мошинҳои саворӣ ва боркаш дар ин маркази саноатӣ ошно шуд.

Гуфта мешавад, пас аз боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд қимати маводи ғизоӣ, мева ва сабзиҷот то 30 дарсад коҳиш ёфтааст.