Танбеҳи корманди КОА-и Тоҷикистон
Комиссияи миллии дифои рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон як корманди худро барои саҳлангорӣ дар навиштани матни асосномаи ин ниҳод, ки мӯҷиби интиқоди шадиди маҳофили илмӣ ва расонаӣ шуда буд, танбеҳ кардааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин комиссия эълом кардааст, корманди хатокори худро, ки ба далели саҳлангорӣ аз матни асосномаи ин ниҳод вожаҳои “Украина” ва “забони украинӣ”-ро ҳазф накарда, муҷозот кардааст.
Расонаҳои хабарӣ эълом карда буданд, ки дар бюллетени Комиссияи миллии дифои рисолаҳои илмӣ (Комиссияи олии аттестатсионӣ, КАО) дар Тоҷикистон дар чанд маврид зарурати таваҷҷуҳ ба масоили Украина ва навиштани мақолот ба забони украинӣ зикр шуда, ки нишон медиҳад, ин асоснома аз забони украинӣ нусхабардорӣ шуда ва сирқати осори илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин дар ҳолест, ки ахиран пойгоҳи интернетии мубориза бо сирқат ва тақаллуби осори илмӣ (“Диссерент”) бо интишори намунае аз рисолаҳои илмии 22 шаҳрванди Тоҷикистон муддаӣ шудааст, ин афрод дар навиштани рисолаи доктории худ аз осори донишмандони русу тоҷик бидуни истинод ба китобҳои онон истифода кардаанд. Дар миёни ин афрод, чандин чеҳраи машҳури сиёсӣ ва теъдоди зиёде аз устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон мушоҳида мешаванд. Дар охирин маврид аз ин моҷаро “Диссернет” раиси собиқи Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба сирқати илмӣ муттаҳам кардааст. Ба навиштаи ин пойгоҳ, ӯ ҳангоми навиштани рисолаи илмии худ танҳо се вожаро аз китобҳои донишмандони рус тағйир дода ва ба ҷойи калимаи “Русия” калимаи “Тоҷикистон”, дар ивази “калисо” “масҷид” ва ба ҷойи “Маркази омӯзиши (санҷиш) афкори умуми Русия” “Маркази пажуҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон”-ро ҷойгузин кардааст.