Ҳукми пизишки муттаҳам ба салафигароӣ бетағйир монд
(last modified 2018-04-24T08:26:19+00:00 )
Апрел 24, 2018 13:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми пизишки муттаҳам ба салафигароӣ бетағйир монд

Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми муҷозоти пизишки муттаҳам ба салафигароиро, ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд эълом карда буд, бетағйир гузошт.

Ба гузориши сомонаи “Суғд нюс”, дар моҳи ноябри соли 2017 додгоҳи шаҳри Хуҷанд пизишки маъруфи қалб Абдулмалик Саломовро ба иттиҳоми узвият дар фирқаи мамнӯъшудаи салафия ба панҷ солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард. Бар асоси ин парванда, ду шарики Саломов бо номҳои Илҳом Ғаффоров ва Саъдуллоҳ Мирзоев низ мутаносибан ба 5-5,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Бар пояи эъломи додгоҳ, ин афрод аз соли 2014 ба ҷараёни салафия пайваста ва аҳдофи онро тарғиб мекарданд.

Фирқаи салафия дар Тоҷикистон бар асоси қарори Додгоҳи Олии ин кишвар мамнӯъ буда ва ҳамчун созмони ифротӣ муаррифӣ шудааст.