Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистону Фаластин
Машваратҳои сиёсии байни Вазорати корҳои хориҷиии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Фаластин Душанбе баргузор гардид.
Ба иттилои сайти вазорат, дар он ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Фаластинро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Мозин Шомия роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаластин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуда, зарурати талошҳои муштаракро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ таъкид карданд.