Як фаъоли “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон бар мегардад
Як фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, аз тасмими худ барои бозгашт аз Русия ба кишвараш хабар дод.
Ба гузориши “Ахбор”, Файзуллоҷон Сафаров маъруф ба "Мураббӣ”, яке аз фаъолони “Гуруҳи 24” гуфт, бо хурӯҷ аз ин ташаккули сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, қасд дорад ба кишвараш баргардад.
Вай бо огоҳ кардани масъулони “Гуруҳи 24” аз тасмими худ барои бозгашт ба Тоҷикистон, ҳеч тавзеҳе дар ин замина ироа накардааст.
Гуфта мешавад, Файзуллоҷон Сафров ба далели роҳандозии канали видеоӣ ба номи “Мураббӣ”, ба омӯзиши забони русӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия пардохта буд, ба ҳамин далел ба вай тахаллуси “Мураббӣ-“ро додаанд. Аммо номи вай замоне расонӣ шуд, ки дар моҳи сентябри соли 2017, тайи суханронӣ дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Полша ба шиддат аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон алайҳи мухолифони давлати ин кишвар интиқод кард.
Вай донишомӯхтаи донишгоҳҳои Русия аст ва фаъолони “Гуруҳи 24” аз тасмими бозгашти вай ба кишвараш ибрози таассуф кардаанд.
Фаъолияти “Гурӯҳи 24” дар бо ҳукми додгоҳи олии ин кишвар дар соли 2014 мамнуъ шуд ва то ба ҳол, теъдоде аз аъзо ва фаъолони он боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.