Ихроҷи 40 нависанда аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон, 40 нависандаро аз узвияти ин иттифоқ хориҷ карданд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар гузорише эълом кард, комиссияи ин созмон пас аз баррасии беш аз 400 асар аз аъзои ин иттифоқ, 40 нависандаро аз узвияти дар он, маҳрум кард.
Ҳамчунин ба панҷ нафари дигар низ фурсати озмоишӣ дода шуд.
Намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфтаанд, дар солҳои 2010 то 2015 узвият дар ин созмони музҳик буд; Зеро дар байни аъзо афроде, ки ҳатто наметавонистанд шарҳи ҳоли худро бинависанд ҳам дида мешуд.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ҳангоми пазириши осор тибқи оиномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон амал намешуд ва осори бештар довталабон барои ин созмон ҳеҷ арзиши адабӣ надошт.
Ҳатто муаллифони китобҳои таърихӣ, пизишкӣ ва сиёсат ҳам пазируфта мешуданд; Дар ҳоле, ки онҳо ҳеҷ иртиботе ба адабиёт надоштанд.
Таҳиякунандагони ин гузориш таъкид кардаанд, дар ин созмон танҳо “нависандагони шоиста”, ҳаққи узвият доранд.