Апрел 26, 2018 10:34 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби созишнома барои истифода аз нерӯгоҳи Фарҳод

Парлумони Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ бо Узбакистонро ба тасвиб расонд.

Ба иттилои Ховар, созишномаи байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи ҳамкорӣ  ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» тасвиб гардид.

Ин санад 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур аз дебоча ва 18 модда иборат буда, бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти намояндагони сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур байни ду давлати ҳамсоя  Тоҷикистон  ва Узбакистон ба муҳлати 49 сол  баста шудааст ва тарафҳоро барои таъмини амнияти иншооти мазкур муввазаф намуда, инчунин самтҳои ҳамкории ду давлати ҳамҷаворро ҷиҳати истифодаи сарбанди «Фарҳод» муайян менамояд.