Маъдан бештарин сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33256-Маъдан_бештарин_сармоягузории_хориҷӣ_дар_Тоҷикистон
Таи 10 соли гузашта умдаи сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон дар бахши маъдан будааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 26, 2018 07:50 Asia/Dushanbe
  • Маъдан бештарин сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон

Таи 10 соли гузашта умдаи сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон дар бахши маъдан будааст.

Ба нақл аз сомонаи Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, 2007 то 2017 аз се миллиарду 673 миллион доллар сармояи хориҷии ҷазбшуда ба иқтисоди ин кишвар, як чаҳоруми он (960 миллион доллар) дар бахши истихроҷи маодин ҳазина шудааст.  

Соли 2017 мизони сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар муқоиса бо 2016, 80 миллион доллар коҳиш доштааст.  

Аз сармояи хориҷӣ, ки 2017 ба Тоҷикистон ҷазб шуда, беш аз 176 миллион доллар (50 дарсад) барои бахши истихроҷи маодин ҳазина шудааст.