Хадамоти алоқаи Тоҷикистон интернети марокизи донишгоҳиро қатъ кард
(last modified Sat, 28 Apr 2018 04:18:39 GMT )
Апрел 28, 2018 09:18 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти алоқаи Тоҷикистон интернети марокизи донишгоҳиро қатъ кард

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, фаъолияти хутути ширкати Ториноро, ки марокизи донишгоҳҳои ин кишварро бо иртиботи ройгон ва арзон таъмин мекард, қатъ кард.  

Ба нақл аз Азия-Плюс, бар асоси дастури хадамоти алоқа, акнун дафтари марказии ширкати Торино баста ва хутути иртиботи интернетии он бо буридани симҳо қатъ шуда ва дар ин замина ҳеҷ тавзеҳе ироа нашудааст.  

Ширкати Торино аз 2002 дар Тоҷикистон бар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумат ва Иттиҳоди Аврупо фаъол буд ва Академияи илмҳо ва 120 маркази донишгоҳӣ ва пажуҳишии ин кишварро бо интернет таъмин мекард.  

Бо ин иқдом акнун марокизи ёдшуда ва пажуҳишгарони тоҷик аз истифодаи интернети ройгон ва арзонқимат маҳрӯм шудаанд.