Тавофуқи Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои омӯзиши дипломатҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33328
Маросими имзои тавофуқнома миёни Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва академияи дипломатии Вазорати хориҷаи Озарбойҷон дар шаҳри Баку баргузор шуд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 28, 2018 11:20 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои омӯзиши дипломатҳо

Маросими имзои тавофуқнома миёни Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва академияи дипломатии Вазорати хориҷаи Озарбойҷон дар шаҳри Баку баргузор шуд.  

Ба нақл аз Авесто, ин тавофуқномаро Рустами Солӣ, сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон имзо кард.  

Озарбойҷон ҳар сол панҷ саҳмия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар академияи дипломатии Озарбойҷон (ada) ва ҳамчунин шаш саҳмия барои бозомӯзии дипломатҳои тоҷик фароҳам хоҳад кард.

Дар поёни маросими имзо, сафири Тоҷикистон бо Ҳофиз Пашаев, муовини вазири  хориҷаи Озарбойҷон ва ҳамзамон раиси академияи дипломатии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар поён дар китобхонаи академияи дипломатии Озарбойҷон гушаи ихтисосии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.