Апрел 28, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
  • Интисоби намояндаи доими Тоҷикистон дар ЮНЕСКО

Ҷамолиддин Маҳмадсаид Убайдулло, сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва писари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, рӯзи 25 апрел ба дабири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле ба ҳайси намояндаи доимии Тоҷикистон дар ин идораи илму фарҳанги Созмони Милал эътимоднома супурд.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Ҷамолиддин Убайдулло 37 сол ва 5 фарзанд дошта, моҳи январи соли ҷорӣ ба мақоми сафирӣ дар Порис таъйин шуд.

Ҷамолиддин Маҳмадсаид Убайдулло, писари калонии раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз рӯзи 25 апрел расман Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милал таъйин шуд.

Қароргоҳи марказии ЮНЕСКО дар Порис, пойтахти Фаронса ҷойгир шудааст ва Ҷамолиддин Убайдулло ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар баробари роҳбарии сафорати Душанбе дар Фаронса фаъолият хоҳад кард. Ӯ 13 январи соли равон бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Порис таъйин шуда буд.

Ҷамолиддин Убайдулло солҳои 2012-214 роҳбари департаменти консулӣ ва солҳои 2014-2018 роҳбари департаменти кишварҳои Аврупо ва Амрико дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон буд в 13 январи соли ҷорӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Фаронса расид.