Апрел 29, 2018 10:15 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди Раҳмон аз асардуздӣ дар Тоҷикистон

Дар нишасти ҳайати давлати Тоҷикистон, мавзӯи дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ҳангоми навиштани рисолаҳои доктории донишмандон ва теъдоде аз мақомоти аршади ҳукуматӣ, ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин нишаст дар Душанбе ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд ва ба баррасии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ихтисос дошт.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон бидуни эъломи номи худ гуфтааст, Раҳмон хитоб ба ин мақомот таъкид кардааст, вақте шумо тавони навиштани рисолаи докториро надоред, чӣ лузуме дорад, ки талош мекунед ба дараҷаҳои илмии боло бирасед.

Вай аз ин падида ба унвони шармандагӣ барои Тоҷикистон ёд кардааст.

Ахиран пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ (Диссернет) бо интишори намунаҳое аз рисолаҳои доктории 27 донишпажуҳи тоҷик муддаӣ шудааст, ин афрод дар навиштан рисолаи худ аз осори донишмандони рус ва тоҷик бидуни истинод ба китобҳои онон истифода кардаанд.

Дар миёни ин афрод, чандин чеҳраи машҳури сиёсӣ ва теъдоди зиёде аз устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон мушоҳида мешаванд.