Интиқоли Бозор Собир ба Маскав барои идомаи дармон
(last modified Mon, 30 Apr 2018 03:43:26 GMT )
Апрел 30, 2018 08:43 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли Бозор Собир ба Маскав барои идомаи дармон

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки дар як моҳи ахир ба далели бадтар шудани шароити ҷисмиаш дар бемористоне дар шаҳри Сиэттли Амрико бистарӣ буд, барои дармон ба шаҳри Маскав мунтақил шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтааст, чанд рӯз мешавад, ки Бозор Собирро барои идомаи дармон аз Амрико ба Русия мунтақил кардаанд ва акнун вай дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав таҳти дармон аст.

Ин манбаъ дар бораи вазъи феълии саломатии шоири саршиноси тоҷик ибрози назар накардааст.

Гуфта мешавад, ки қаблан натоиҷи озмоишҳои анҷом шуда дар бораи иллати бемории Бозор Собир ба марокизи дармонии Олмон ва Русия ирсол шуда буд, ки инак тасмим ба идомаи дармони вай дар Маскав гирифтаанд.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сафорат ва дигар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар хоки Амрико дастур дода буд ба вазъияти Бозор Собир ва интиқол ҳарчи сареътари вай ба Тоҷикистон, расидагӣ кунанд.

Ҳамчунин ҳамсар ва бархе наздикони Бозор Собир аз ҳазина болои дармони вай ибрози нигаронӣ карда буданд, ки Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аз кумаки молии ҳукумати кишвар барои мудовои вай хабар дод.

Бозор Собир аз маъруфтарин чеҳраҳои адабии тоҷик, аз соли 1995 дар Амрико ба сар мебурд.

Вай соли 2013 ба Тоҷикистон баргашт ва сипас дар соли 2017 барои дидор бо хонаводааш дубора ба Амрико рафт ва дигар ба Тоҷикистон бознагашт.