Сентябр 01, 2016 09:25 Asia/Dushanbe
  • Набуди фазои муносиб барои ҷазби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон

Коршиносони Бонки рушди Осиё, далели умдаи ҷазб нашудани сармояи хориҷӣ барои иқтисоди Тоҷикистонро набуди фазои муносиб дар ин замина, дар ин кишвар медонанд.

Ба гузориши сойти Авесто, дар тозатарин гузориши таҳлилии Бонки рушди Осиё таҳти унвони "Тоҷикистон талош барои тағйири содирот ва пешрафт" таъкид шудааст, ки ба далели набуди фазои муносиб барои ҷазби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар, тайи солҳои 2000 то 2013 танҳо 26 дарсад манобеи молии бахши хусусии хориҷӣ, мавриди истифода қарор гирифта, ки шохиси ночиз мебошад. Ҳол он ки дар дигар кишварҳо ин шохис байни 75 то 87 дарсадро ташкил мекунад.

Бар асоси ин гузориш, тайи солҳои 2000 то 2013 мизони сармоягузории давлатӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба беш аз 17 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар расидааст, ки умдатан вомҳои молии Чин барои тармим ва бозсозии роҳҳо ва сохти хутути интиқоли барқ мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки мизони сармоягузории бахши хусусӣ тайи солҳои 2005 то 2013 дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ба беш аз 6 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар расидааст, ки ночиз мебошад ва барои зарфиятҳои тавлид ва рушуди пойдори иқтисодии ин ҷумҳурӣ таъсири ногувор дорад.