Ифтитоҳи посгоҳи ҷадиди марзии Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3346-Ифтитоҳи_посгоҳи_ҷадиди_марзии_Тоҷикистон_дар_марз_бо_Узбакистон
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода дар марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон дар ғарби ин ҷумҳурӣ посгоҳи ҷадиди марзбониро ифтитоҳ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2016 05:39 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи посгоҳи ҷадиди марзии Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода дар марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон дар ғарби ин ҷумҳурӣ посгоҳи ҷадиди марзбониро ифтитоҳ карданд.

Ба гузориши сойти Азия плюс, Муҳаммад Ӯлуғхоҷаев- сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин посгоҳ шомили сарбозхона, манозили маскунӣ барои афсарон, синфҳои омӯзишӣ, китобхона, варзишгоҳ ва ғазохӯрӣ мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи посгоҳи ҷадиди марзӣ, Абдураҳим Қаҳҳоров-дабири Шӯрои амният, генерал Раҷбалӣ Раҳмоналӣ-фармондеҳи нерӯи марзбонӣ ва Сиҷоудддин Саломзода-шаҳрдори ноҳияи Турсунзода ширкат карданд.

Тоҷикистон бо Узбакистон дорои 1 ҳазору 332 километри мураббаъ марзи муштарак мебошанд, ки дар бораи аломатгузории 86 дарсад аз ин манотиқ ба тавофуқ расидаанд. Аммо ихтилофи ин ду кишвар бар сари аломатгузории бархе аз минотиқи марзӣ дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон ҳамчунон боқимемонад ва давлати Узбакистон аз соли 2000 ба таври якҷониба иқдом ба мингузории тамоми марзҳои хеш бо Тоҷикистон ва Қирғизистон кард.