Ҷаримаи молии чанд бонк ва муассисаҳои қарздиҳӣ ба далели ироаи маълумоти дурӯғ
(last modified 2018-05-01T03:59:51+00:00 )
Май 01, 2018 08:59 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи молии чанд бонк ва муассисаҳои қарздиҳӣ ба далели ироаи маълумоти дурӯғ

Додгоҳҳои Тоҷикистон бар асоси гузориши идораи бозрасии Бонки миллии ин кишвар тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ мудирони чанд бонк ва чор муассисаи молию эътборӣ (ташкилотҳои қарздиҳӣ)-ро ба иттиҳоми сохтакории аснод ва ароаи иттилооти дурӯғ ба пардохти ҷарима маҳкум кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар ин гузориш бидуни ишора ба номи ин бонку муассисаҳои молию эътборӣ маблағи ҷаримаи онон 13 ҳазор сомонӣ эълом шудааст. Ҳамчунин мудирони 3 бонк ва як муассисаи молию эътибории дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми анҷоми муомилоти ғайриқонунинӣ ва пинҳон кардани маълумот ба пардохти 90 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шудаанд. Ба мудирони ин ташкилотҳои қарздиҳӣ ва банкҳо дастур дода шудааст, ки ба кормандони худ хатароти анҷоми муомилоти ғайриқонунӣ, пинҳон намудани маълумот ва сохтакориро дар ҳуҷҷатгузорӣ бифаҳмонанд,  зеро такрори ин навъ иқдомот метавонад мӯҷиби истифодаи гурӯҳҳои ифротӣ аз манобеи молии бонкҳо ва муассисаҳои молию эътибории Тоҷикистон шавад.

Гуфта мешавад, тайи соли 2017 идораи бозрасии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти молии 8 бонк ва 7 муассисаи молию эътбориро баррасӣ ва ин марокизи молиро ба далели тахаллуфот ба маблағи 1 миллиону 525 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар натиҷаи ин бозрасиҳо муҷаввизи фаъолияти ду муассисаи молӣ ва эътиборӣ низ аз сӯйи Бонк миллии Тоҷикистон лағв шудааст.