Май 01, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони Бозор Собир

Имрӯз 1-уми майи 2018 соати 5 субҳ ба вақти Тоҷикистон, шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79 солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэттли Вашингтон даргузашт.

Ба гузориши Хадамот матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо таслият ба хешовандони ин шоири маҳбуби тоҷик изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар ин таслият омадааст: Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд.

Қарор аст бино бар дастури Эмомали Раҳмон ба Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлати муттаҳидаи Амрико ва намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали муттаҳид, пайкари Бозор Собир аз Амрико ба ватан оварда шуда ва дар шаҳри Душанбе ба хок спорда шавад.