Коршиноси тоҷик ба беҳбуди равобит бо Узбакистон чандон хушбин нест
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки тағйироти эҳтимолии қудрат дар Узбакистон дар ояндаи наздик, ба маънеи таҳаввули қобили мулоҳиза дар равобити ин кишвар бо Тоҷикистон нахоҳад буд.
Ба гузориши хабаргузории "Фарғона", Парвиз Муллоҷонов гуфтааст, ки шояд раисиҷумҳури баъдии Узбакистон дар мавриди эътои тасҳилот барои дарёфти раводиди ин кишвар, тахфиф дар таърифаҳои гумрукӣ ба ҳадафи ҳаракати васоили нақлияи Тоҷикистон ва аз саргирии парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе пас аз 24 сол иқдом кунад.
Ҳамчунин эҳтимол дорад, ки дар раванди аломатгузории марзҳои муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон пешрафтҳое ба вуҷуд ояд. Аммо як идда масоил вуҷуд дорад, ки Узбакистон намехоҳад аз ин мавзуот чашмпушӣ кунад. Зеро Тошканд дар даврони Шуравӣ ва акунун низ иддаои раҳбарӣ бар кишварҳои Осиёи Марказиро дорад, ки наметавонд мавриди пазириши сарони 4 кишвари дигари ин минтақа қароргирад. Мушкили дигар дар муносиботи Узбакистон бо Тоҷикистон ва Қирғизистон баҳси об мебошад, ки нухбагони феълии ҳоким бар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли ин ихтилоф аз нигоҳи сиёсӣ, омодагӣ надоранд ва ҳозир ба гузашт дар ин маврид нестанд.
Ба ин далел, ки давлати Узбакистон қасд дорад нуфузи хешро аз тариқи контрол бар манобеи оби Осиёи Марказӣ ҳифз кунад, ки ба маънеи идомаи мухолифати Тошканд бо такмили сохт нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар Тоҷикистон ва тарҳҳои мушобеҳи энержии Қирғизистон мебошад. Бар ин асос ихтилоф миёни Узбакистон ва Тоҷикистон бар сара манобеи об дар оянда ташдид хоҳад шуд.
Дар пайи интишор ахбори зидду нақиз дар бораи авзои саломатии Ислом Каримов раисиҷумҳурии Узбакистон дар рӯзҳои ахир, маҳофили расонаӣ ва коршиноси Осиёи Марказӣ ба мавзӯи равобити ин кишвар бо ҷумҳуриҳои минтақа пас аз тағйири эҳтимолии қудрат дар Тошканд таваҷҷуҳи вижае нишон додаанд.