Май 01, 2018 14:14 Asia/Dushanbe
  • Номаи духтари Бозор Собир ба Эмомалӣ Раҳмон

Шогуна Собир, духтари марҳум Бозор Собир баъди даргузашти падараш матни номаашро ба раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кард.

Шогуна Собир дар ин нома навиштааст, ки бар хилофи хабарҳои нашршуда онҳо дар даврони бистарӣ будани Бозор Собир дар бемористон ҳеҷ кумаки амалӣ аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт накардаанд. Ӯ дар ин нома навиштааст: «Раисҷумҳур боз дастур дод! Мо аз ин дастурот чӣ натиҷае гирифтем? Номаи ман ба раисҷумҳури Тоҷикистон. Ин номаро ин ҷо мегузорам, зеро расонаҳо бидуни тасдиқи хабар ҳар сафсаттаеро ба чоп мерасонанд ва ҷуръати нашри ҳақиқатро надоранд».

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷуми апрел ба сафирони Тоҷикистон дар Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид дастур дода буд, ки ба Сиэтл бираванд, канори Бозор Собир бошанд ва ҳар кумаки лозимро барои дармони ӯ ва баргардонданаш ба Тоҷикистон анҷом диҳанд. Пас аз он Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод, ки бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон барои дармони Бозор Собир кумаки молӣ ҷудо карда ва ин маблағ ба дасти ҳамсари шоир расидааст. Аммо Шогуна Собир дар номааш ба раисҷумҳур, ки онро қабл аз марги падараш навишта ва имрӯз, дар рӯзи даргузашти шоир мунташир кардааст, менависад, ки онҳо дар як моҳи бемории падараш аз Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ кумаки амалӣ дарёфт накардаанд.