Май 01, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Эмомзода: Тоҷикистон омодаи тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон аст

Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт: Тоҷикистон хостори тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ, гардишгарӣ ва иқтисодӣ бо Эрон аст.  

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Неъматуллоҳи Эмомзода дар ҳамоиши миллии илмӣ ва фарҳангии Халиҷи Форс дар Донишгоҳи Халиҷи Форси устони Бушеҳри Эрон гуфт: Тоҷикистон бо зерсохтҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дорои шароити муносибе барои ҳузури сармоягузорони хориҷӣ аст.  

Вай гуфт: Тоҷикистон бо паҳна густарда, доро будани 60 дарсади захоири оби Осиёи Марказӣ шомили 900 рудхона, тавлиди барқи фаровон ва мероси ғании таърихӣ ва фарҳангии худ аз заминаҳои муносиб барои табодулоти гардишгарӣ бархурдор аст.  

Неъматуллоҳи Эмомзода афзуд: Тоҷикистон ва Эрон дар 28 соли гузашта 160 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд, ки нишонаи рушд ва ҳамкории дуҷониба аст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон 2018-ро соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ номидааст.