Вокунишҳо ба даргузашти шодравон Бозор Собир
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33544-Вокунишҳо_ба_даргузашти_шодравон_Бозор_Собир
Расонаҳои гурӯҳӣ, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ба тамҷид аз рӯзгор ва осори Бозор Собир пардохтаанд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 02, 2018 16:16 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба даргузашти шодравон Бозор Собир

Расонаҳои гурӯҳӣ, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ба тамҷид аз рӯзгор ва осори Бозор Собир пардохтаанд.  

Гулрухсори Сафӣ, шоири саршинос гуфтааст, бо рафтани Бозор Собир як давраи бисёр зебои шеърдӯстӣ ва шоирдӯсти аз байн меравад.

Аъзами Хуҷаста, аз шоирони тоҷик низ бо чанд байт шеър даргузашти Бозор Собирро таслият гуфтааст.

Рустами Ваҳҳоб, шоир низ гуфт: Устод Бозор солҳои зиёд ба унвони раиси бахши назм дар Иттиҳоди нависандагон машғули кор буд ва бо роҳнамоӣ ва тарбияти теъдоди фаровоне аз қаламкашони ҷавон хидмати арзандае ба адабиёти Тоҷикистон кард.

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор низ аз Бозор Собир ба унвони яке аз саромадони ҳаракати истиқлолхоҳии Тоҷикистон ва гиромидошти забони форсӣ-тоҷикӣ дар даврони Шӯравӣ ёд кардааст.  

Саидқул Билолов, овозхон ва дӯсти Бозор Собир аз қавли сафири Тоҷикистон дар Амрико гуфтааст, пайкари Бозор Собир рӯзҳои оянда аз Амрико ба Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд.