Май 03, 2018 09:01 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори наздик ба 7 ҳазор ҷангҷуи Толибон дар марз бо Тоҷикистон

Фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон аз истиқрори наздик ба 7 ҳазор ҷангҷуи Толибон дар марзҳои шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон хабар дод.

Ба нақл аз Toptj, генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ин матлабро таи суханоне дар маросими понздаҳумин солгарди иҷро шудани барномаи мудирияти марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамкории Иттиҳоди Аврупо эълом кард.  

Вай бо таъкид бар интиқоли пойгоҳҳои Толибон аз ҷануби Афғонистон ба наздики марзҳои муштараки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкории бештари идороти амниятӣ ва интизомии ин кишварҳоро барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар ин минтақа хостор шуд.

Ба гуфтаи фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон, аксари пойгоҳҳои Толибон дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Балх фаъолият мекунанд.