Фароҳам шудани имкони пардохти интернетии андоз дар Тоҷикистон
Муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз фароҳам шудани заминаи пардохти интернетии андоз дар кишвар хабар дод.
Ба нақл аз Авесто, Аюбҷон Солеҳзода гуфтааст, ки акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо вуруд ба сомонаи кумитаи андоз бо истифода аз кортҳои бонкии хеш андоз пардохт кунанд.
Вай таъкид кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд бидуни итлофи вақт ва дар кӯтоҳтарин замони мумкин дар 24 соати шабонарӯз андози хешро ба сурати электронӣ бипардозанд.
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар аксари маворид иллати умдаи ба таъвиқ афтодани пардохти андози шаҳрвандони Тоҷикистон шулуғ будани бонкҳо ва сафҳои тӯлонӣ аст.
Соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ аз вуҷуди мушкилоти зиёд дар низоми бонкии Тоҷикистон хабар дод, ки муҷиби нобасомонӣ дар раванди пардохти андоз мешавад.