Боздошти яке аз вобастагон ба ҲНИТ дар Туркия
Яке аз вобастагон ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ, ки дар Туркия ба сар мебурд, аз сӯи пулиси ин кишвар боздошт шудааст.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Сайдулло Валиев, домоди Шоҳнаими Карим, масъули бахши молии ҲНИТ аз сӯи пулиси Туркия рӯзи 2 моҳи май дар маҳали кораш дар як корхонаи тавлиди кафш дар шаҳри Истамбул боздошт шудааст.
Падари ҳамсари Валев дар ин маврид гуфтааст, ки аз вай хоста шуда, ки ба Тоҷикистон баргардад, аммо ӯ инро рад кардааст.
Боздошти домоди Шоҳнаими Карим дар Туркия дар ҳоле расонаӣ шуда, ки худи ӯ соли гузашта дар кишвари Юнон боздошт ва сипас озод шудааст.
Гуфтанӣ аст ба думболи мамнуъияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015 ва зиндонӣ шудани бархе аз мақомоти ин ҳизб, шумори қобили таваҷҷуҳе аз аъзои он ба кишварҳои аврупоӣ ва Туркия паноҳанда шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро ба ҳамдастӣ бо шӯриши Абдулҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам кардааст, аммо мақомоти ин ҳизб онро рад кардаанд.