Май 05, 2018 10:46 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои занони ҷангҷуи тоҷик дар Ироқ

Мудири идораи умури Осиё ва Австралия дар вазорати хориҷаи Ироқ гуфтааст, занони ҷангҷуи тоҷик, ки пас аз кушта шудани ҳамсаронашон, ба ҳамроҳи фарзандони хурдсол худ дар боздошт ҳастанд, ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Амал Мусо Ҳусайн ин хабарро ҳангоме, ки барои ширкат дар Конфронси байналмилалии муқобила бо терроризм ва ифротгарӣ дар Душанбе ба сар мебурд, эълом кардааст.  

Ба гуфтаи вай, ҳамроҳии ин занон бо ҳамсаронашон ҳангоми азимат ба Ироқ, муҷиби афви онон нахоҳад шуд.  

Зеро онон бо нақзи қавонини Ироқ ва убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар, ба ҳамроҳи шавҳаронашон, ки узви гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд, дар хоки Ироқ боздошт шудаанд.

Додгоҳи Бағдод ахиран чаҳор зани тоҷикро ба ҷурми пайвастан ба ДИИШ ва кумак ба ин гурӯҳ ба ҳабси абад маҳкум кард.