Пешниҳоди Анҷумани Озодандешони тоҷик барои муҳлати раёсат ҷумҳурӣ
(last modified 2018-05-05T06:04:57+00:00 )
Май 05, 2018 11:04 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Анҷумани Озодандешони тоҷик барои муҳлати раёсат ҷумҳурӣ

Анҷумани Озодандешони тоҷик (як созмони тозатаъсис ва мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон) пешниҳод кардааст, муҳлати призидентиро дар Тоҷикистон ба ду давраи панҷсола маҳдуд кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Ин анҷуман рӯзи чаҳоруми май санадеро бо унвони "Ёддоштҳои тафоҳуми ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон" мунташир кард.

Дар ин санад бо шарҳи вазифаҳои ҳукумат ва шаҳрвандон аз ҳамаи ҳизбҳо ва созмонҳо даъват шудааст бо имзои он мувофиқати худро бо ин санад ва пешниҳодҳояш эълом кунанд.

Дар бахши "вазифаҳои давлат" дар ин санад омадааст, тамомияти арзии кишвар аз муқаддасоти миллӣ аст ва ҳеҷ шахс, ниҳод ё гуруҳе ҳаққи вогузорӣ, ҳадия ё фуруши онро надорад.

ҳамчунин давлат бояд бар асоси ин санад баргузории интихоботи шаффоф ва озодро дар тамоми шохаҳои ҳокимият кафолат диҳад ва набояд руйи интихоби шаҳрвандон таъсир гузорад ва аз манобеъи давлатӣ ба нафъи як номзад истифода кунад.

Анҷумани Озодандешони тоҷик ҳамчунин хостори маҳдуд кардани давраи призидентии як нафар дар Тоҷикистон ба ду давраи панҷсола шуда ва таъкид кардааст, раиси ҷумҳур набояд узви ҳеҷ ҳизби сиёсие бошад.

Эмомали Раҳмон аз соли 1992 токунун ба муддати 25 сол риёсат ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда  дорад ва бар асоси қонун бо вуҷуди 65 сол син ҳаққи призидентии бидуни маҳдудиятро ба даст овардааст.