Май 05, 2018 14:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Олмон бар тақвияти равобити фарҳангӣ бо Тоҷикистон

Сафири Олмон дар Душанбе дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон хостори тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар шуд.  

Ба нақл аз Форс, Найтхарт Хёфер-Виссинг ва Шамсиддин Орумбекзода зимни баррасии равобити фарҳангӣ бо ниҳодҳои муртабит, хостори густариши фаъолиятҳо дар ин ҳавза шуданд.  

Тарафайн ҳамчунин дар хусуси созмондеҳии барномаҳои муштараки фарҳангӣ бо ҷазби намояндагони фарҳангии ду кишвар гуфтугӯ карданд.